Эй ки ба ҳусни қоматат сарв надидаам саҳӣ
Эй ки ба ҳусни қоматат сарв надидаам саҳӣ,
Гар ҳама душманӣ кунӣ, аз ҳама дӯстон беҳӣ.
Ҷавр бикун, ки ҳокимон ҷавр кунанд бар раҳӣ,
Шер ки пойбанд шуд, тан бидиҳад ба рӯбаҳӣ.
Аз назарат куҷо равад, в-ар биравад, ту ҳамраҳӣ,
Рафту раҳо намекунӣ, омаду раҳ намедиҳӣ.
Шояд, агар назар кунӣ, эй ки зи дардам огаҳӣ,
В-ар накунӣ, асар кунад дуди дили саҳаргаҳӣ.
Саъдию Амру Зайдро ҳеч маҳал намениҳӣ,
В-ин ҳама лоф мезанад чун дуҳули миёнтиҳӣ.