Шуд лаби ширинадояш бо ман аз ибром талх,
Шуд лаби ширинадояш бо ман аз ибром талх,
Аз тақозои ҳавас кардам майи ин ҷом талх.
Пухтагӣ дар табъи ноқис бедимоғи тухмат аст,
Дуд меояд бурун аз чӯбҳои хом талх.
Имтидоди
умр бурд аз чашми мо завқи нигоҳ,
Куҳнагиҳо кард охир мағзи ин бодом талх.
Душмани амн аст мавқеъношиноси дам задан,
Зиндагӣ бар худ макун чун мурғи беҳангом талх.
Ҳирси зар, он гаҳ ҳаловат? Ихтирои ваҳми кист?
Комҳо дар ҷӯши сафро
мешавад ноком талх.
Бе судоъе
нест шуҳратҳои иқболи ҷаҳон,
Мавҷи чин зад, баски шуд оби ақиқ аз ном талх.
Ҷавҳари фитрат макун ботил ба тамҳиди ғараз,
Эй басо мадҳе, ки шуд з-ин шева чун дашном талх.
Баски дорад табъи халқ аз ҳақгузорӣ инфиол,
Додани ҷон нест ин ҷо чун адои вом талх.
Интизори сайди матлаб сахт роҳатдушман аст,
Хоб натвон ёфт ҷуз дар дидаҳои дом талх.
Гар зи идбор огаҳӣ, бигзар зи иқболи ҳавас,
Тарки оғози ҳаловат нест чун анҷом талх.
Мекунад, Бедил, табассум заҳри чашмашро илоҷ,
Пистааш хоҳад намак зад, гар шавад бодом талх.