РАФТАНИ ЗОЛ БА РАСУЛӢ НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Нависандаро пеш биншонданд,
Зи ҳар дар фаровон сухан ронданд.
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо буду бошад ҳамеша ба ҷой.
Аз ӯяст неку баду ҳасту нест,
Ҳама бандагонем, Эзад якест.
Ҳар он чиз, к-ӯ хост андар бавиш,
Бар он аст чархи равонро равиш.
Худованди кайвону хуршеду моҳ,
Аз ӯ офарин бар Манучеҳршоҳ.
Ба разм - андарун заҳри тарёксӯз,
Ба базм - андарун моҳи гетифурӯз.
Гирояндагурзу кушояндашаҳр,
Зи шодӣ ба ҳар кас расонандабаҳр.
Кашанда дурафши Фаридун ба ҷанг,
Кушанда сарафроз ҷангипаланг.
Зи захми дабуси ту кӯҳи баланд
Шавад хоки наъли сарафшон саманд.
Ҳамон аз дили поку покизакеш,
Ба обишхур орӣ ҳаме гургу меш.
Яке бандаам ман, расида ба ҷой,
Ба дубора шаст андароварда пой.
Ҳаме гарди кофур гирад сарам,
Чунин дод хуршеду моҳ афсарам.
Бибастам миёни ялӣ бандавор,
Або ҷодувон сохтам корзор.
Инонпечу гурдафкану гурздор
Чу ман кас набинад ба гетӣ савор.
Бишуд об гурдони Мозандарон,
Чу ман даст бурдам ба гурзи гарон.
Зи ман гар набудӣ ба гетӣ нишон,
Бароварда гардан зи гарданкашон,
Чунон аждаҳо, к-ӯ зи рӯди Кашаф
Бурун омаду кард гетӣ чу каф,
Замин шаҳр то шаҳр болои ӯ,
Ҳамон кӯҳ то кӯҳ паҳнои ӯ.
Ҷаҳонро аз ӯ буд дил пурҳарос,
Ҳаме доштандӣ шабу рӯз пос.