РАФТАНИ ЭРАҶ НАЗДИ БАРОДАРОН
Яке нома бинвишт шоҳи замин
Ба ховархудою ба солори Чин.
Сари нома кард офарини Худой,
Куҷо ҳасту бошад ҳамеша ба ҷой.
Чунин гуфт, к-«Ин номаи пандманд
Ба назди ду хуршеди гашта баланд.
Ду сангӣ, ду ҷангӣ, ду шоҳи замин,
Яке шоҳи Ховар, яке шоҳи Чин.
Аз он кас, ки ҳар гуна дид ӯ ҷаҳон,
Шуда ошкоро бар ӯ-бар ниҳон.
Гирояндаи теғу гурзи гарон,
Фурӯзандаи номдор афсарон,
Намояндаи шаб ба рӯзи сапед,
Кушояндаи ганҷи биму умед.
Ҳама ранҷҳо гашта осон бар ӯй,
Бад-ӯ равшанӣ андароварда рӯй.
Нахоҳам ҳаме хештанро кулоҳ,
На оганда ганҷу на тахту на гоҳ.
Се фарзандро хоҳам орому ноз,
Аз он пас, ки бурдем ранҷи дароз.
Бародар, к-аз ӯ буд дилтон ба дард,
Агарчи назад бар касе боди сард,
Давон омад аз баҳри озоратон,
Ҳамон орзуманди дидоратон.
Бияфканд шоҳӣ, шуморо гузид,
Чунон, к-аз раҳи номдорон сазид.
Зи тахт андаромад, ба зин барнишаст,
Бад-ин сон миён бандагиро бубаст.
Бад-он, к-ӯ ба сол аз шумо кеҳтар аст,
Ба меҳру навозидан андарх(в)ар аст.
Гиромиш дореду нӯша х(в)аред,
Чу парвардаам тан, равон парваред.
Чу аз буданаш бигзарад рӯз чанд,
Фиристед назди манаш арҷманд.»
Ниҳоданд бар нома-бар мӯҳри шоҳ,
Аз айвон-ш Эраҷ гузин кард роҳ.
Бишуд бо тане чанд барнову пир,
Чунон чун бувад роҳро ногузир.