КУШТА ШУДАНИ ЭРАҶ БАР ДАСТИ БАРОДАРОН
Чу бардошт парда зи пеш офтоб,
Сапеда баромад, биполуд хоб.
Ду беҳударо дил бар ин кор гарм,
Ки дида бишӯянд ҳарду зи шарм.
Бирафтанд ҳарду гурозон зи ҷой,
Ниҳоданд сар сӯи пардасарой.
Чу аз хайма Эраҷ ба раҳ бингарид,
Пур аз меҳр дил пеши эшон давид,
Бирафтанд бо ӯ ба хайма - дарун,
Сухан бештар бар чаро рафту чун.
Бад-ӯ гуфт Тур: «Ар ту аз мо кеҳӣ,
Чаро барниҳодӣ кулоҳи меҳӣ?
Туро бояд Эрону тахти меҳон,
Маро бар дари турк баста миён.
Бародар, ки меҳтар, ба Ховар ба ранҷ,
Ба сар - бар туро афсару зер ганҷ.
Чунин бахшише, к-он ҷаҳонҷӯй кард,
Ҳама сӯи кеҳтарписар рӯй кард».
Чу аз Тур бишнид Эраҷ сухун,
Яке поктар посух афканд бун.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари номҷӯй,
Агар коми дил хоҳӣ, ором ҷӯй.
На тоҷи каӣ хоҳам акнун, на гоҳ,
На номи бузургӣ, на эронсипоҳ.
Ман Эрон нахоҳам, на Ховар, на Чин,
На шоҳӣ, на густарда рӯи замин.
Бузургӣ ки фарҷоми ӯ тирагист,
Бад-он бартарӣ-бар бибояд гирист.
Сипеҳри баланд ар кашад зини ту,
Саранҷом хишт аст болини ту.
Маро тахти Эрон агар буд зер,
Кунун гаштам аз тоҷу аз тахт сер.
Супурдам шуморо кулоҳу нигин,
Мадоред бо ман шумо низ кин.
Маро бо шумо нест ҷангу набард,
Набояд ба ман ҳеч дил ранҷа кард.
Замона нахоҳам ба озоратон,
В-агар дур монам зи дидоратон.