ПОСУХ ДОДАНИ ФАРИДУН ПИСАРОНРО
Фаридун бад-ӯ паҳн букшод гӯш,
Чу бишнид, мағзаш баромад ба ҷӯш.
Фиристодаро гуфт, к-«Эй ҳушёр,
Набоист пӯзиш туро худ ба кор,
Ки ман чашм худ ҳамчунин доштам,
Ҳамин бар дили хеш бигмоштам.
Бигӯй он ду нопоки беҳударо,
Ду оҳармани мағзполударо.
Анӯша, ки кардед гавҳар падид,
Дуруд аз шумо худ бад-ин сон сазид.
Зи панди ман ар мағзатон шуд тиҳӣ,
Ҳамон аз хирадтон намуд огаҳӣ.
Надоред тарсу на шарм аз Худой,
Шуморо ҳамоно ҷуз ин нест рой.
Маро пештар қиргун буд мӯй,
Чу сарви саҳӣ қадду чун моҳ рӯй.
Сипеҳре, ки пушти маро кард кӯз,
Нашуд пастгардон, ба ҷой аст нӯз.
Шуморо хамонад ҳам он рӯзгор,
Намонад хамонанда ҳам пойдор.
Бад-он бартарин номи Яздони пок,
Ба рахшанда хуршеду орандахок
Ба тахту кулоҳу ба Ноҳиду Моҳ,
Ки ман бад накардам шуморо нигоҳ.
Яке анҷуман кардам аз бихрадон,
Ситорашиносону ҳам мӯбадон.
Басе рӯзгорон шудаст андар ин,
Ки кардем бар дод бахши замин.
Ҳама ростӣ хостам з-ин сухун,
Зи кажжӣ на сар буд мар инро, на бун.
Ҳама тарси Яздон буд андар ниҳон,
Ҳама ростӣ хостам дар ҷаҳон.
Чу обод доданд гетӣ ба ман,
Наҷустам парокандани анҷуман.
Магар ҳамчунон гуфтам, обод тахт
Супорам ба се дидаи некбахт.
Шуморо кунун гар дил аз ройи ман
Ба кажживу торӣ кашид Аҳриман,