Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПОДШОҲӢ ДОДАНИ СОМ ЗОЛРО

Пас он гоҳ Сом аз паи пури хеш Ҳунарҳои шоҳон биёвард пеш. Ҷаҳондидагонро зи кишвар бихонд, Суханҳои боиста чанде биронд. Чунин гуфт бо номвар бихрадон, Ки «Эй поку ҳушёрдил мӯбадон. Чунин аст фармони бедоршоҳ, Ки лашкар ҳаме ронд бояд ба роҳ. Сӯи Гургсорону Мозандарон Ҳаме ронд хоҳам сипоҳи гарон. Бимонад ба назди шумо ин писар, Ки ҳамтои ҷон асту хуни ҷигар. Ба гоҳи ҷавониву кундоварӣ Яке беҳуда сохтам доварӣ, Писар дод Яздон, бияндохтам, Зи бедонишӣ арҷ нашнохтам. Гаронмоя Симурғ бардошташ, Ҷаҳонофарин хор нагзошташ. Маро хор буд, мурғро арҷманд, Бипарвард, то шуд чу сарви баланд, Чу ҳангоми бахшоиш омад фароз, Ҷаҳондор Яздон ба ман дод боз. Бидонед, к-ин ёдгори ман аст, Ба назди шумо зинҳори ман аст. Шуморо супурдам ба омӯхтан, Равон-ш аз ҳунарҳо барафрӯхтан, Гиромиш дореду пандаш диҳед, Ҳамон рою роҳи баландаш диҳед, Ки ман рафт хоҳам ба фармони шоҳ Сӯи душманон бо сарони сипоҳ. Сӯи Зол кард он гаҳе Сом рӯй, Ки «Доду диҳиш гиру ором ҷӯй! Чунон дон, ки Зобулситон хони туст, Ҷаҳон сар ба сар зери фармони туст. Туро хону мон бояд ободтар Дили дӯстдорон ба ту шодтар. Калиди дари ганҷҳо пеши туст, Дилам шоду ғамгин ба кам беши туст.