Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

БОЗГАШТАНИ ЗОЛ БА ЗОБУЛИСТОН

Бифармуд пас шоҳ, то мӯбадон, Ситорашиносону ҳам бихрадон Биҷӯянд, то ахтари Зол чист, Бад-он ахтар аз бахт солор кист. Чу гирад баландӣ, чӣ хоҳад будан, Ҳама достонҳо бибояд задан. Ситорашиносону ҳам мӯбадон Гирифтанд як-як зи ахтар нишон, Ки ӯ паҳлавоне бувад номдор, Сарафрозу ҳушёру гурду савор. Чу бишнид шоҳ ин сухан, шод шуд, Дили паҳлавон аз ғам озод шуд. Яке хилъат орост шоҳи замин, Ки карданд ҳар кас бар ӯ офарин. Зи аспони тозӣ ба зарринситом, Зи шамшери ҳиндӣ ба зарринниём. Зи дебову хаззу зи ёқуту зар, Зи густарданиҳои бисёрмар, Ғуломони румӣ ба дебои Рум, Ҳама пайкар аз гавҳару зар-ш бум. Забарҷад табақҳову пирӯза ҷом, Чи аз зарри сурху чи аз сими хом. Пур аз мушку кофуру пур заъфарон, Ҳама пеш бурданд фармонбарон. Ҳамон ҷавшану таргу баргустувон, Ҳамон найзаву гурзу тиру камон. Ҳамон тахти пирӯзаву тоҷи зар, Ҳамон мӯҳри ёқуту зарринкамар. В-аз он пас Манучеҳр аҳде набишт Саросар ситоиш ба сони биҳишт. Ҳама Кобулу Дамбару Мои Ҳинд, Зи дарёи Чин то ба дарёи Синд, Зи Зобулситон то ба дарёи Буст Ба оин набиштанд аҳде дуруст. Чу ин аҳду хилъат биёростанд, Пас аспи ҷаҳонпаҳлавон хостанд Чу ин карда шуд, Сом бар пой хост. Бигуфт: «Эй гузин меҳтари додрост,