Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОГОҲ ШУДАНИ МАНУЧЕҲР АЗ КОРИ СОМ ВА ЗОЛИ ЗАР

Зи Зобул ба шоҳ омад ин огаҳӣ, Ки Сом омад аз кӯҳ бо фарраҳӣ. Бад-он огаҳӣ шуд Манучеҳр шод, Басе аз ҷаҳонофарин кард ёд. Манучеҳрро буд ду пури гузин, Далеру хирадманду бофарру дин. Яке ном Нӯзар, дигар чун Зарасп, Ба майдон ба монанди Озаргушасп. Бифармуд, то Нӯзари номдор Шавад тозиён сӯи Соми савор. Бубинад яке рӯи Дастони Сом, Ки буд парваронида андар куном. Кунад офарини каёнӣ бар ӯй, Бад-он шодмонӣ, ки бинмуд рӯй. Бифармоядаш, то сӯи шаҳрёр Шавад, то суханҳо кунад ошкор. В-аз он пас сӯи Зобулистон шавад, Бар оини хусравпарастон шавад. Чу Нӯзар бари Соми Найрам расид, Яке навҷавон паҳлавонро бидид. Фуруд омад аз асп Соми савор, Гирифтанд мар якдигарро канор. Зи шоҳу зи гурдон бипурсид Сом, В-аз эшон бад-ӯ дод Нӯзар паём. Чу бишнид пайғоми шоҳи бузург, Заминро бибӯсид Соми сутург. Давон сӯи даргоҳ бинҳод рӯй, Чунон, к-аш, бифармуд дайҳимҷӯй. Фарози яке пили нар Золи Зар Нишонду бирондаш сабук сӯи дар. Чу омад ба наздикии шаҳри шоҳ, Сипаҳбад пазира шудаш бо сипоҳ. Дурафши Манучеҳр чун дид Сом, Пиёда шуд аз аспу бигзорд гом. Заминро бибӯсид пас паҳлавон, Ки ҷовид зӣ шоду равшанравон. Манучеҳр фармуд, то барнишаст Мар он покдил марди яздонпараст.