ХОБ ДИДАНИ СОМ АЗ ҲОЛИ ПИСАР
Шабе аз шабон доғдил хуфта буд,
Зи кори замона барошуфта буд.
Чунон дид, к-аз кишвари ҳиндувон
Яке мард бар тозиаспе давон.
Савори сарафрозу гурди тамом,
Фароз омадӣ то ба наздики Сом.
Нигаҳ дор ин кӯдаки ширхор,
К-аз ин тухми мардӣ дарояд ба бор,
Зи пушташ ҷаҳонпаҳлавону радон
Биёянд монанди шери жиён.
Супурдем ӯро дар ин кӯҳсор,
Бибин, то чӣ пеш оварад рӯзгор.
Варо мужда додӣ зи фарзанди ӯй,
Аз он бурзшохи барӯманди ӯй.
Чу бедор шуд, мӯбадонро бихонд,
В-аз ин дар сухан чанд гуна биронд.
Бад-эшон бигуфт, он чи дар хоб дид,
Ҷуз он ҳар чи аз корвонон шунид.
Чӣ гӯед, гуфт, андар ин достон,
Хирадтон бар ин ҳаст ҳамдостон?
Ки зиндаст он хурдкӯдак ҳанӯз,
В-агар шуд зи сармову меҳри тамуз?»
Ҳар он кас, ки буданд пиру ҷавон,
Забон баркушоданд бар паҳлавон,
Ки ҳар к-ӯ ба Яздон шавад носипос,
Набошад ба ҳар кор некишинос,
Ки бар сангу бар хок шеру паланг,
Чи моҳӣ ба об - андарун, ё наҳанг,
Ҳама баччаро парваронандаанд,
Ситоиш ба Яздон расонандаанд.
Ту паймони некидиҳиш бишканӣ,
Чунон бегунаҳ баччаро бифканӣ.
Зи мӯи сапедаш дил орӣ ба танг,
Тани равшану покро нест нанг.
Нигар, то нагӯӣ, ки ӯ зинда нест,
Биёрою бар ҷустанаш - бар биист.
Ки Яздон касеро, ки дорад нигоҳ,
Зи гармову сармо нагардад табоҳ.