Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ГУФТОР АНДАР ЗОДАНИ ЗОЛ

Кунун пуршигифте яке достон Бипайвандам аз гуфтаи бостон. Нигаҳ кун, ки мар Сомро рӯзгор Чӣ бозӣ намуд, эй писар, гӯш дор. Набуд эч фарзанд мар Сомро, Дилаш буд ҷӯё дилоромро. Нигоре буд андар шабистони ӯй, Зи гулбарг рух дошт в-аз мушк мӯй. Аз он моҳаш уммеди фарзанд буд, Ки хуршедчеҳра барӯманд буд. Зи Соми Наримон ҳам ӯ бор дошт, Зи бори гарон тан-ш озор дошт. Зи модар ҷудо шуд бад-он чанд рӯз, Нигоре чу хуршеди гетифурӯз. Ба чеҳра накӯ буд бар сони шед, Валекин ҳама мӯй будаш сапед. Зи модар писар чун бад-ин гуна зод, Накарданд як ҳафта бар Сом ёд. Шабистони он номвар паҳлавон Ҳама пеши он хурдкӯдак навон. Касе Соми ялро наёраст гуфт, Ки фарзанд пир омад аз хуб ҷуфт. Яке доя будаш ба кирдори шер, Бари паҳлавон - андар омад далер. Мар ӯро ба фарзанд-бар мужда дод, Забон баркушод, офарин кард ёд, Ки бар Соми ял рӯз фархунда бод! Дили бадсиголони ӯ канда бод! Бидодат Худой, он чи мехостӣ, Ҳаме ҷон бад-ин хоҳиш оростӣ. Паси пардаи ту, аё номҷӯй, Яке покпур омад аз моҳрӯй. Яке паҳлавонбаччаи шердил, Намояд бад-ин кӯдакӣ чир дил. Танаш нуқраи поку рух чун биҳишт, Бар ӯ-бар набинӣ як андоми зишт. Зи оҳу ҳамон, к-аш сапед аст мӯй, Чунин буд бахши ту, эй номҷӯй.