Қумоши ранг зи бас беҳиҷоб мебофанд,
Қумоши ранг зи бас беҳиҷоб мебофанд,
Ба рӯи гул зи даридан ниқоб мебофанд.
Мабош мункири асрори синачокии мо,
Ба коргоҳи саҳар офтоб мебофанд.
Зи захми теғи ҳаводис тавон шудан эмин,
Ба ҷавшане ки зи мавҷи шароб мебофанд.
Ба як нафас сари бемағз мехӯрад бар санг
Ҷудо зи пашм кулоҳи ҳубоб мебофанд.
Дар ин чаман, ки ҳаво доғи шабнамороист,
Тасаллие ба ҳазор изтироб мебофанд.
Ту хоҳ марг шумар, хоҳ зиндагӣ андеш,
Ҳамин ба табъи катон моҳтоб мебофанд.
Кирост тоби расоии баҳси фурсати умр,
Гусаста аст нафас, то ҷавоб мебофанд.
Тавон шинохт зи борикресии анфос,
Ки дар қаламрави ҳастӣ чӣ боб мебофанд.
Кабоб шуд адами мо зи туҳмати ҳастӣ
Бар оташе ки надорем, об мебофанд.
Ба гуфтугӯ ба ғубори назар матан, Бедил,
Ки баҳри чашм зи афсона хоб мебофанд.