БОЛИ САҲАР
Имшаб зи бахти кист, ки фардо намешавад?
Боли саҳар, кӣ баста, ки пайдо намешавад?
Эй дил ,сабур бошу ба тадбир такя кун,
Аз оҳу нола дард мудавво намешавад.
Дигар кушоди кори худ аз ғайр кам талаб,
Ин уқда ҷуз ба дасти худат во намешавад.
Бояд ба ҳам расем, ки мавҷе шавад баланд,
Ҳар қатрае алоҳида дарё намешавад.
Зоҳид, дуъо махон ба сари куштагони ишқ,
Ҳар булҳавас ҳарифи Масеҳо намешавад.
Озодагӣ ба хуни ҷигар ғӯта хӯрдан аст,
Ҳар доғдида лолаи саҳро намешавад.
Дилро бисӯз то суханат дилнишин шавад,
Иншои шеъри хуб ба даъво намешавад.