Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

САМОЪИ СӮХТАН

Ишқ-шодист, ишқ-озодист, Ишқ-оғози одамизодист. Ишқ-оташ ба сина доштан аст, Дами ҳиммат бар ӯ гумоштан аст. Ишқ- шӯре зи худ фазояндаст, Зоиши Каҳкашони зояндаст. Тапиши набзи боғ дар донаст, Дар шаби пила рақси парвонаст. Ҷунбише дар нуҳуфти пардаи ҷон, Дар буни ҷони зиндагӣ пинҳон. Зиндагӣ чист? Ишқ варзидан, Зиндагиро ба ишқ бахшидан. Зинда аст он ки ишқ меварзад, Дилу ҷонаш ба ишқ меарзад. Одамизодаро чароғе гир, Рӯшноипарасти шуълапазир. Хештансӯзе, анҷуманафрӯз, Шабнишине, ҳамошёнаи рӯз. Оташи ин чароғи сеҳромез, Ишқи оташнишини оташхез. Одамӣ бе зулоли ин оташ, Мушти хокест пуркудурату ғаш. Тангу торе, асири обу гил аст, Санаме сангчашму сангдил аст. Санамо, гар бадию гар некӣ, Ту шабе бечароғ, торикӣ. Оташе дар ту мезанад хуршед, Кундаат боз шуълае накшид. Чун дарахт омадӣ, зуғол марав, Меваӣ, пухта бош, кол марав. Мева чун пухта гашту оташгун, Мезанад шаҳди пухтагӣ берун. Себу биҳ нест меваи ин дор, Мевааш оташ аст охири кор. Хушку тар ҳар чӣ дар ҷаҳон бошад, Мояи сӯхтан дар он бошад. Сӯхтан, дар ҳавои нур шудан, Сабук аз ҳабси хеш дур шудан.