Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҚИССАПАРДОЗ

Дӣ шаб, ки то саҳаргаҳ, бо ёр қисса гуфтам, Ӯ хобу ман ба пояш, бедор қисса гуфтам. Чун чашмае, ки ҷӯшад дар бешае шабонгоҳ, Оҳиста гиря кардам, ҳамвор қисса гуфтам. Бигзашт ниме аз шаб, ман бастам аз сухан лаб, Гуфтам: « Бихоб, ҷоно!» Бисёр қисса гуфтам. Бикшуд мижа аз ноз, яъне, ки қисса гӯ боз, Ман ҳам чу қиссапардоз, такрор қисса гуфтам. Ҳуснаш чу месутудам, аз моҳ ёд кардам, Зулфаш чу мекушудам, аз мор қисса гуфтам. Лаб чун ба ханда бикшод, гуфтам ҳикоят аз гул, Мижгон ба ҳам чу бинҳод, аз хор қисса гуфтам. Фонӣ, чу дар шаби васл, комам нагашт ҳосил, То субҳдам ба дилбар, ночор қисса гуфтам.