Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАЙҒОМИ САЛМ ВА ТУР БА НАЗДИКИ ФАРИДУН

Гузиданд пас мӯбади тезвир, Сухангӯю бинодилу ёдгир. Зи бегона пардахта карданд ҷой, Сиголиш гирифтанд ҳар гуна рой. Сухан Салм пайванд кард аз нахуст, Зи шарми падар дидагонро бишуст. Фиристодаро гуфт: «Раҳ дарнавард, Набояд, ки ёбад туро боду гард. Бирав зуд назди Фаридун чу бод, Ба ҷуз роҳ рафтан-т коре мабод. Чу оӣ ба кохи Фаридун фуруд, Нахустин зи ҳарду писар деҳ дуруд. Ва дигар бигӯяш, ки тарси Худой Бибояд, ки бошад ба ҳарду сарой. Ҷавонро бувад рӯзи пирӣ умед, Нагардад сияҳ мӯи гашта сафед. Чӣ созӣ диранг андар ин ҷои танг? Шавад танг бар ту сарои диранг. Ҷаҳон мар туро дод Яздони пок Зи тобанда хуршед то тира хок. Ҳама б-орзу хостӣ расму роҳ, Накардӣ ба фармони Яздон нигоҳ. Накардӣ ҷуз аз кажживу костӣ, Наҷустӣ ба бахш - андарун ростӣ. Се фарзанд будат хирадманду гурд, Бузург омада низ пайдо зи хурд. Надидӣ ҳунар бо яке бештар, Куҷо дигарӣ з-ӯ фурӯ бурд сар. Якеро дами аждаҳо сохтӣ, Якеро ба абр - андар афрохтӣ. Яке тоҷ бар сар ба болини ту, Бад-ӯ шод гашта ҷаҳонбини ту. На мо з-ӯ ба мому падар камтарем, Ки бар тахти шоҳӣ на андарх(в)арем. Аё додгар, шаҳрёри замин, Бар ин дод ҳаргиз мабод офарин! Агар тоҷ аз он тораки бебаҳо Шавад дуру ёбад ҷаҳон з-ӯ раҳо,