Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Тирамоҳ асту барг мерезад

Тирамоҳ асту барг мерезад Дар лабонаш таронаи падруд. Нигаҳи офтоб ҳам кунд аст, Меравад хастаҷон ба хонаи буд1 . Ёд орам зи чашми бодомат, Накҳати навбаҳор меояд. Ёд орам чу хандаҳоятро, Қаҳ-қаҳи обшор меояд. Тирамоҳ асту рӯд хушкида Хушклаб мондаанд соҳилҳо. Зоғҳо мепаранд фориғбол Доғсон дар фазои манзилҳо. бош. Баҳри мо лек навбаҳори дил аст, Дар дили мо талотуми дарёст. Парфишонии баргҳои хазон Болафшонии парастуҳост. Чор ҳадди Душанбе чун девор Кӯҳҳо сарсафед гардиданд. Нафаси барф мезанад ба димоғ, Чашмаҳо нопадид гардиданд. Шукри қисмат, ки мо ҷавон астем, Чашмаи шавқи мо хурӯшон аст. Гар баҳорам ту бошӣ, бокам нест, К-аз паи тирамаҳ зимистон аст...