Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

МАНУЧЕҲР Подшоҳии ӯ саду бист сол буд

Пас он гаҳ яке ҳафта бигзоштанд, Ҳама мотаму сӯги ӯ доштанд. Ба ҳаштум биёмад Манучеҳршоҳ, Ба сар барниҳод он каёникулоҳ. Дари ҷодуиҳо ба афсун бубаст, Бар ӯ солиён анҷуман шуд ду шаст. Ҳама паҳлавонони рӯи замин Бар ӯ яксара хонданд офарин. Чу дайҳими шоҳӣ ба сар барниҳод, Ҷаҳонро саросар ҳама мужда дод. Ба доду ба дину ба мардонагӣ, Ба некиву покиву фарзонагӣ. Манам гуфт бар тахт гардонсипеҳр, Ҳамам хашму ҷанг асту ҳам доду меҳр. Замин бандаву чарх ёри ман аст, Сари тоҷдорон шикори ман аст. Ҳамам дину ҳам фарраи эзадист, Ҳамам бахти некиву дасти бадист. Шаби тор ҷӯяндаи кин манам. Ҳамон оташи тези Барзин манам. Худованди шамшеру зарринакафш, Фарозандаи ковиёнидурафш. Фурӯзандамеғу барорандатеғ, Ба ҷанг - андарун ҷон надорам дареғ. Гаҳи базм дарё ду дасти ман аст, Дами оташ аз барнишасти ман аст. Бадонро зи бад даст кӯтаҳ кунам, Заминро ба хун ранги дебаҳ кунам. Гирояндагурзу намояндатоҷ, Фурӯзандаи мулк бар тахти оҷ. Або ин ҳунарҳо яке бандаам, Ҷаҳонофаринро парастандаам. Ҳама даст бар рӯи гирён занем, Ҳама дастонҳо зи Яздон занем. К-аз ӯ тоҷу тахт аст, аз ӯям сипоҳ, Аз ӯям сипосу бад-ӯям паноҳ. Ба роҳи Фаридуни фаррух равем, Ниёмон куҳан буд гар, мо навем.