ГУФТОР АНДАР МУРДАНИ ФАРИДУН
Чу он карда шуд, рӯз баргашту бахт
Бипажмурд барги каёнидарахт.
Карона гузид аз сари тоҷу гоҳ,
Ниҳода бари худ сари он се шоҳ.
Ҳаме ҳар замон зор бигристӣ,
Ба душворӣ - андар ҳаме зистӣ.
Ба навҳа - дарун ҳар замоне ба зор
Чунин гуфтӣ он номвар шаҳрёр,
Ки баргашту торик шуд рӯзи ман
Аз он се дилафрӯзи дилсӯзи ман.
Ба зорӣ чунин кушта дар пеши ман,
Ба кина ба коми бадандеши ман.
Ҳам аз бадхуӣ, ҳам зи кирдори бад
Ба рӯи ҷавонон чунин бад расад.
Набурданд фармони ман, лоҷарам
Ҷаҳон гашт бар ҳар се барно дижам.
Пур аз хун дилу пур зи гиря ду рӯй,
Чунин то замона сар омад бар ӯй.
Фаридун бишуд, ном аз ӯ монд боз,
Баромад бар ин рӯзгоре дароз.
Ҳама некномӣ буду ростӣ,
Кӣ кард, эй писар, суд аз костӣ?
Манучеҳр бинҳод тоҷи каён,
Бубасташ ба зуннори хунин миён.
Бар оини шоҳон яке дахма кард,
Чи аз зарри сурху чи аз ложвард.
Ниҳоданд зер андараш тахти оҷ,
Биёвехтанд аз бари оҷ тоҷ.
Ба падруд кардан-ш рафтанд пеш,
Чунон чун бувад расму оину кеш.
Дари дахма бастанд бар шаҳрёр,
Шуд он арҷманд аз ҷаҳон хору зор.
Манучеҳр як ҳафта бо дард буд,
Ду чашмаш пуробу ду рух зард буд.
Яке ҳафта бо сӯг буд шаҳрёр,
Аз ӯ шаҳру бозорҳо сӯгвор.
Ҷаҳоно, саросар фусӯсиву бод,
Ба ту нест марди хирадманд шод.