ФИРИСТОДАН САРИ САЛМРО БА НАЗДИ ФАРИДУН
Фиристодаеро бурун кард гурд,
Сари шоҳи Ховар мар ӯро супурд.
Яке нома бинвишт назди ниё,
Пур аз ҷангу аз чораву кимиё.
Нахуст офарин кард бар кирдгор,
Дигар ёд кард аз шаҳи номдор.
Сипос аз ҷаҳондори пирӯзгар,
К-аз ӯяст нерӯю фарру ҳунар.
Ҳама неку бад зери фармони ӯст,
Ҳама дардҳо зери дармони ӯст.
Кунун бар Фаридун аз ӯ офарин,
Хирадманду бедор, шоҳи замин.
Кушояндаи бандҳои бадӣ,
Ҳамаш рою ҳам фарраи эзадӣ.
Кашидем кин аз саворони Чин,
Кушодем бар ҷони эшон камин.
Ба нерӯи шоҳ он ду бедодгар,
Ки буданд хунӣ зи хуни падар,
Сароншон буридам ба шамшери кин,
Ба пӯлод шустем рӯи замин.
Ман инак паси нома бар сони бод
Биёям, кунам харчӣ рафтаст ёд.
Сӯи диж фиристод Шерӯйро,
Ҷаҳондида марди ҷаҳонҷӯйро.
Бифармуд, к-он хоста баргирой,
Нигаҳ кун, чӣ бояд, ҳамон кун ба рой.
Ба пилони гарданкаш он хоста
Ба даргоҳи шоҳ овар ороста.
Бифармуд, то кӯсу рӯину ной
Баромад зи даҳлези пардасарой.
Сипаҳро зи дарё ба ҳомун кашид,
Зи Чиндиж сӯи Офаридун кашид.
Чу омад ба наздики Таммиша боз,
Ниёро ба дидори ӯ буд ниёз.
Баромад зи дар нолаи каррной,
Саросар биҷунбид лашкар зи ҷой.
Ҳама пушти пилон ба пирӯзатахт
Биёрост солори пирӯзбахт.