ГУРЕХТАНИ САЛМ ВА КУШТА ШУДАНИ Ӯ БА ДАСТИ МАНУЧЕҲР
Чу ӯ кушта шуд, пушти ховархудой
Шикаста шуду дигар омад-ш рой.
Тиҳӣ шуд зи кина сари кинадор,
Гурезон ҳаме рафт сӯи ҳисор.
Чу наздикии жарфдарё расид,
Нишони яке чӯби киштӣ надид.
Пас андар сипоҳи Манучеҳршоҳ
Дамону данон баргирифтанд роҳ.
Чунон шуд зи бас куштаву хаста дашт,
Ки пӯяндаро роҳ душвор гашт.
Пур аз хашму пуркина солори нав
Нишаст аз бари чармаи тезрав.
Бияфканд баргустувону битохт,
Ба гирди сипаҳ чарма - андар нишохт.
Расид он гаҳе танг дар шоҳи Рум,
Хурӯшид, к-«Эй марди бедоди шум,
Бикуштӣ бародар зи баҳри кулоҳ,
Кулаҳ ёфтӣ, чанд пӯӣ ба роҳ?
Кунун тоҷат овардам, эй шоҳу тахт,
Ба бор омад он хусравонӣ дарахт.
Зи тоҷи бузургӣ гурезон машав!
Фаридун-т гоҳе биёрост нав.
Дарахте, ки биншондӣ, омад ба бор,
Биёбӣ ҳам акнун бараш дар канор.
Гараш бор хор аст, худ киштаӣ,
В-агар парниён аст, худ риштаӣ».
Ҳаме тохт асп андар ин гуфтугӯй,
Якояк ба тангӣ расид андар ӯй.
Яке теғ зад зуд бар гарданаш,
Ба ду нима шуд хусравонӣ танаш.
Бифармуд, то сар-ш бардоштанд,
Ба найза ба абр - андар афроштанд.
Бимонданд лашкар шигифт андар ӯй,
Аз он зӯру он бозуи ҷангҷӯй.
Ҳама лашакари Салм ҳамчун рама
Ки бипроканад рӯзгори дама,
Гирифтанд бераҳ гурӯҳогурӯҳ,
Пароканда дар дашту дар ғору кӯҳ.