ТОХТ КАРДАНИ КОКУЙ - НАБЕРАИ ЗАҲҲОК
Аз он ҷойгаҳ Қорани размхоҳ
Биёмад ба назди Манучеҳршоҳ.
Ба шоҳи навоин бигуфт, он чӣ кард
В-аз он гардиши рӯзгори набард.
Бар ӯ-бар Манучеҳр кард офарин,
Ки «Бе ту мабод аспу кӯполу зин.
Ту з-эдар бирафтӣ, биёмад сипоҳ,
Навоин яке номвар кинахоҳ.
Набера сипаҳдор Заҳҳок буд,
Шунидам, ки Кокуи нопок буд.
Яке тохтан кард бо сад ҳазор,
Саворони гарданкашу номдор.
Бикушт аз далерони мо чанд мард,
Ки буданд шерони рӯзи набард.
Кунун Салмро рои ҷанг омадаст,
Ки ёраш зи Дижҳухтганг омадаст.
Яке деви ҷангиш гӯянд ҳаст,
Гаҳи разм нобоку бо зӯри даст.
Ҳанӯз андар овард набсудамаш
Ба гурзи далерон напаймудамаш.
Чу ин бора ояд сӯи мо ба ҷанг,
Варо баргироям, бубинам-ш санг».
Бад-ӯ гуфт Қоран, ки «Эй шаҳрёр,
Кӣ ояд ба пеши ту дар корзор?
Агар ҳамнабарди ту бошад паланг,
Бидаррад бар ӯ пӯст аз ёди ҷанг.
Кадом аст Кокую Кокуй чист?
Ҳамоварди ту дар ҷаҳон мард кист?
Ман акнун ба ҳуши дилу пок мағз
Яке чора созам бар ин кор нағз,
К-аз ин пас сӯи мо зи Дижҳухтганг
Чу Кокуи бемоя н-ояд ба ҷанг».
Бад-ӯ гуфт пас номвар шаҳрёр,
Ки «Дилро бад-ин кор ғамгин мадор.
Ту худ ранҷа гаштӣ бад-ин тохтан,
Сипаҳ бурдану кинаро сохтан.
Кунун гоҳи ҷанги ман омад фароз.
Ту дам барзан, эй гурди гарданфароз.»