Дӯш мурғе ба субҳ менолид
Дӯш мурғе ба субҳ менолид,
Ақлу сабрам бибурду тоқату ҳуш!
Яке аз дӯстони мухлисро
Магар овози ман расид ба гӯш,
Гуфт: «Бовар надоштам, ки туро,
Бонги мурғе чунин кунад мадҳуш!»
Гуфтам: «Ин шарти одамийят нест,
Мурғ тасбеҳгӯю ман хомӯш!».