Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ЭРОНЗАМИН

Чу дашт аз гиё гашт чун парниён, Бубастанд гурдони Турон миён. Сипоҳе баромад зи туркону Чин, Ҳамон гурздорони Ховарзамин, Ки онро миёну карона набуд, Ҳамон бахти Нӯзар ҷавона набуд. Чу лашкар ба наздики Ҷайхун расид, Хабар назди пури Фаридун расид. Сипоҳу ҷаҳондор берун шуданд, Зи хоки ҳумоюн ба ҳомун шуданд. Ба роҳи деҳистон ниҳоданд рӯй, Сипаҳдорашон Қорани размҷӯй, Шаҳаншоҳ Нӯзар паси пушти ӯй, Ҷаҳоне саросар пур аз гуфтугӯй. Чу лашкар ба назди деҳистон расид, Чунон шуд, ки хуршед шуд нопадид. Саропардаи Нӯзари шаҳрёр Кашиданд бар дашт пеши ҳисор. Чу андар деҳистон биёрост ҷанг, Бар ин барнаёмад фаровон диранг, Ки Афросиёб андар Эронзамин Ду солор кард аз далерон гузин. Шамососу дигар Хазарвони гурд, Зи лашкар саворон бад-эшон супурд. Зи ҷанговарон мард чун сӣ ҳазор Бирафтанд шоистаи корзор. Сӯи Зобулистон ниҳоданд рӯй, Зи кина ба Дастон ниҳоданд рӯй. Хабар шуд, ки Соми Наримон бимурд, Ҳаме дахма созад варо Золи гурд. Аз он сахт шодон шуд Афросиёб, Бидид он ки бахт андаромад зи хоб. Биёмад чу пеши деҳистон расид, Баробар саропардае баркашид. Сипаҳро кӣ донист кардан шумор, Ту шав, чорсад бор бишмар ҳазор. Биҷӯшид, гуфтӣ, ҳама регу шах, Саросар биёбон чу мӯру малах.