Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

РАЗМИ БОРМОН ВА ҚУБОД ВА КУШТА ШУДАНИ ҚУБОД

Сапеда чу аз кӯҳ сар баркашид, Талоя ба пеши деҳистон расид. Миёни ду лашкар ду фарсанг буд, Ҳама созу ороиши ҷанг буд. Яке турк буд, номи ӯ Бормон, Ҳаме хуфтаро гуфт, бедор мон. Биёмад, сипаҳро ҳама бингарид, Саропардаи шоҳ Нӯзар бидид. Бишуд назди солори туронсипоҳ, Нишон дод аз он лашкару боргоҳ. В-аз он пас ба солори бедор гуфт, Ки «Моро ҳунар чанд бояд нуҳуфт?! Ба дастурии шоҳ ман шервор Биҷӯям аз он анҷуман корзор. Бубинанд пайдо зи ман дастбурд, Ҷуз аз ман ба гетӣ надонанд гурд.» Чунин гуфт Ағрираси ҳушманд, Ки «Гар Бормонро расад з-ин газанд, Дили марзбонон шикаста шавад, Бар ин анҷуман кор баста шавад. Яке марди беном бояд гузид, Ки ангушту лабро набояд газид». Пурожанг шуд рӯи пури Пашанг, Зи гуфтори Ағрирас омад-ш нанг. Ба рӯи дижам гуфт бо Бормон, «Ту ҷавшан бипӯшу ба зеҳ кун камон! Ту бошӣ бар он анҷуман сарафроз, Ба ангушту дандон наёяд ниёз». Бишуд Бормон то ба дашти набард, Сӯи Қорани Кова овоз кард, К-«Аз ин лашкари Нӯзари номдор Кӣ дорӣ, ки бо ман кунад корзор?» Нигаҳ кард Қоран ба мардони мард Аз он анҷуман, то ки ҷӯяд набард, Кас аз номдорон-ш посух надод, Магар пиргашта диловар Қубод. Дижам гашт солори бисёрҳуш, Зи гуфти бародар баромад ба ҷӯш.