Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

НОМА НАВИШТАНИ КОВУС НАЗДИКИ ШОҲИ МОЗАНДАРОН

Яке номае бар ҳарири сапед, Бад-он - андарун чанд биму умед. Дабири хирадманд бинвишт хуб, Падид оварид андар он зишту хуб. Нахуст офарин кард бар додгар, К-аз ӯ гашт пайдо ба гетӣ ҳунар. Хирад доду гардонсипеҳр офарид, Дуруштиву тундиву меҳр офарид. Ба неку ба бад додамон дастгоҳ Худованди гарданда хуршеду моҳ. Агар додгар бошиву покдин, Зи ҳар кас наёбӣ ҷуз аз офарин. В-агар бадниҳон бошиву бадкуниш, Зи чархи баланд оядат сарзаниш. Ҷаҳондор агар додгар бошадӣ, Зи фармони ӯ кай гузар бошадӣ. Сазои гунаҳ бин, ки Яздон чӣ кард, Зи деву зи ҷоду баровард гард. Кунун гар шудӣ огаҳ аз рӯзгор, Равону хирад будат омӯзгор, Ҳамон ҷо бимон тахти Мозандарон, Бад-ин боргоҳ ой чун кеҳтарон. Чу бо ҷанги Рустам надорӣ ту тов, Бидеҳ зуд бар коми мо божу сов. Агар гоҳи Мозандарон боядат, Магар з-ин нишон роҳ бикшоядат. В-агар на чу Аржангу Деви Сапед Дилат кард бояд зи ҷон ноумед. Чу нома ба сар бурд фаррух дабир, Ниҳод аз бараш мӯҳри мушку абир. Бихонд он замон шоҳ Фарҳодро, Гирояндаи гурзи пӯлодро. Гузини бузургони он шаҳр буд, Зи бекориву ранҷ бебаҳр буд. Бад-ӯ гуфт ин номаи пандманд Бубар назди он деви ҷаста зи банд. Чу аз шоҳ бишнид Фарҳоди гурд, Заминро бибӯсиду нома бибурд