ГИРИФТАНИ ҚОРАН ДИЖИ АЛОНОНРО
Ба Салм огаҳӣ рафт аз ин размгоҳ
В-аз он тирагӣ, к-андар омад ба роҳ.
Паси пушташ андар яке ҳисн буд,
Бароварда сар то ба чархи кабуд.
Чунон хост, к-ояд бад-он ҳисн боз,
Ки дорад замона нишебу фароз.
Пас, он гаҳ Манучеҳр аз он ёд кард,
Ки гар Салм печид рӯй аз набард.
Агар Салм дар жарфи дарё шавад,
В-агар бар фалак чун сурайё шавад,
Ба чанг орамаш, сар бибуррам зи тан,
Бисозам варо коми шерон кафан!
Алонондижаш бошад оромгоҳ,
Сазад, гар бар ӯ - бар бигирем роҳ,
Ки гар ҳисни дарё шавад ҷои ӯй,
Касе нагсилонад зи бун пои ӯй.
Яке ҷой дорад сар андар саҳоб,
Ба чора бароварда аз қаъри об.
Ниҳода зи ҳар чиз ганҷе ба ҷой,
Фиканда бар ӯ соя парри ҳумой.
Маро рафт бояд бад-ин чора зуд,
Рикобу инонро бибояд бисуд.
Чу андеша кард, он ба Қоран бигуфт,
Куҷо буд он розҳо дар нуҳуфт.
Чу Қоран шунид он суханҳо зи шоҳ,
Чунин гуфт, к-«Эй меҳтари некхоҳ,
Агар шоҳ бинад, зи ҷанговарон
Ба кеҳтар супорад сипоҳи гарон.
Дари чораи ӯ бигирам ба даст,
К-аз он роҳи ҷанг асту з-он роҳи ҷаст.
Бибояд дурафши ҳумоюни шоҳ,
Ҳам ангуштари Тур бо ман ба роҳ.
Бихоҳам кунун чорае сохтан,
Сипаҳро ба ҳисн - андар андохтан.
Шавам ман ҳам акнун бад-ин тирашаб,
Бар ин роз бар ҳеч макшой лаб!
Гузида зи номоварон шаш ҳазор,
Ҳама кордида гаҳи корзор.