Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ, боре маро масрур кун,
Хоҳӣ, ки беғам бигзарӣ, боре маро масрур кун,
Ё бар ҷаҳони худ бикаш, ё аз ҷаҳонам дур кун.
Дарё ба туғён меравад, ҷамъу парешон меравад,
Хоҳӣ маро ҷамъ оварӣ, андар ҷаҳон машҳур кун.
Хоҳӣ зи гардун раҳмате, дастобагардан
бӯса деҳ,
Хоҳӣ қирони ахтарон, дилро ба дил
манзур кун.
Бисёр рӯзони худо, рӯзи ману ту даршумор,
Рӯзе зи рӯзони худо ёд аз мани мағрур кун.
Гар тобиши чашмони ту андар суруди ман
кам аст,
Бикшо китоби шеъри ман, ҳар мисраашро
кӯр кун.
Гар ошиқи ту нестам, гар лоиқи ту нестам,
Ёди маро, ишқи маро андар дили худ гӯр кун!