МЕРОС
Падарҷон, дар дили тангат чӣ абре буд,
Ки ман чандон, ки мегирям,
Ҳанӯзаш ҳеч поён нест.
Чи сабре доштӣ,
Аммо
Аз он дандон, ки бар ҳам мефушурдӣ,
Ҳамчунон хуни дилам ҷорист.
Ғамат бо ман
Дар ин шабҳои абрӣ
Зинда монд,
Аммо
Намедонам умедам дар дили танги кӣ хоҳад зист?