Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дардмандам, оҷизам, бемори танҳову ғариб

Дардмандам, оҷизам, бемори танҳову ғариб, Ҳоли худ машрӯҳ гуфтам, вақти лутф аст, эй табиб. Ҳар шифо дар ҳуққаи лаъл асту он дар дасти Туст, Ҳуққа бикшову каромат кун шифое анқариб. Ҷӯшиши дарёи фазлат неку бадро шомил аст, Гарчи аз бад бадтарам, ҳошо, ки монам бенасиб. Ошиқи беморро васли ҳабиб омад илоҷ, З‐остонат чун равам? Чун ҳам табибӣ, ҳам ҳабиб. Бо Ту дастовези ман танҳоиву ғурбат бас аст, Бо ғарибон лутфу раҳмат нест аз хӯят ғариб. Умр ширин, айш хуш аз давлати васли Ту буд, Ло бақоӣ баъдаҳу саҷлу вало айшӣ ютиб. Банда Ҷомиро ба мискинони ин даргоҳ бахш, Истаҷиб ҳаз‐ад‐дуо фӣ шаъниҳи, ё мустаҷиб!