Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАЁМ ФИРИСТОДАНИ РУСТАМ БА НАЗДИ ШОҲИ ҲОМОВАРОН

Яке марди бедори ҷӯяндароҳ Фиристод наздики Ковусшоҳ, Ки ман омадам бо сипоҳи гарон Сӯи разми солори Ҳомоварон. Ту дил шодмон дору андӯҳ мах(в)ар, Ки инак расидам бад-он буму бар. Ҳамон назди солори Ҳомоварон Бишуд номдоре зи кундоварон. Яке нома бинвишт бо гиру дор, Пур аз гурзу шамшеру пур корзор, Ки бар шоҳи Эрон камин сохтӣ, Ба пайвастагӣ-дар бад андохтӣ. На мардӣ бувад чора ҷустан ба ҷанг, На зуфтӣ ба сони диловар наҳанг, Ки дар ҷанг ҳаргиз насозад камин, Агарчанд бошад дилаш пур зи кин. Агар шоҳ Ковус ёбад раҳо, Ту растӣ зи чанги бади аждаҳо. В-агарна биёрой чанги маро, Ба гардан бипаймой ҳанги маро. Ҳамоно шунидӣ ту аз меҳтарон, Ки чун кардаам чанги Мозандарон. Ҳамон разми Пӯлоди Ғандию Бед, Шунидӣ чӣ кардам ба Деви Сапед? Чу нома ба мӯҳр андаромад дуруст, Фириста шуду зуд раҳро биҷуст. Фиристода шуд то ба Ҳомоварон, Бидодаш паёми ҷаҳонпаҳлавон. Чу пайғом бишниду нома бихонд, Зи кирдори худ дар шигифтӣ бимонд. Чу бархонд нома, сараш хира шуд, Ҷаҳон пеши чашмаш ҳама тира шуд. Чунин дод посух, ки Ковуси кай Ба ҳомун дигар наспарад низ пай. Ту ҳар гаҳ ки оӣ ба Барбарситон, Саворон ҳама гирд карда инон. Ҳамин банду зиндонат оростаст, Агар роят ин орзу хостаст.