Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ИБЛИСОНИ ОДАМРӮЙ

Шомгоҳе дар раҳе будам равон, Тан равону дил ба фикри обу нон. Ман намедонам чунон шуд, ё чунин, Пои ман лағзиду хӯрдам бар замин. Раҳнаварде меҳрубон сӯям давид, Дасти ӯ то зери бозуям расид. Зери гӯшам гуфт: Лангӣ, ё ки маст? Ворасӣ кун, бин куҷоҳоят шикаст? Гуфтамаш: Не майпарастам, не алил, Уфтодам, худ намедонам далел. Ё гунаҳ аз кафш, ё тақсири пой, Гир дастам, то ки бархезам зи ҷой. Дасти ман бигрифту бо дасти дигар, Киссаам меҷуст то ёбад магар. Ман ба фикри ин ки ӯ марди Худост, Ӯ дар ин савдо, ки ҷайбам дар куҷост? Эй дареғ, аз фикри хоми одамӣ, Гиря кардам бар мақоми одамӣ. Ёдам омад гуфтаи Мавлои Балх, Он гиромӣ гавҳари яктои Балх. «Эй басо Иблис одамрӯй ҳаст, Пас ба ҳар дасте набояд дод даст». Пири Румӣ нуктае таҳрир кард, Оламе дар мисраъе тасвир кард. Он шунидастӣ, ки мурғе нотавон, Дар зимистон дид аз борон зиён. Бар сари шохе нишасту дам гирифт, Шохаро бар панҷаҳо маҳкам гирифт. Соате пас хост то пар во кунад, То магар дар зери сақфе ҷо кунад. Чун ки пар бикшуд он мурғи ҳазин, Тундбодаш зад ба сахтӣ бар замин. Лошахори тезчашм аз осмон, Дид афтодаст сайде ройгон. Омаду бирбуд сайди хешро, Он парешон тоири дилрешро. Чанг зад, он мурғро боло кашид, Мурғи ғофил шод шуд, ғавғо кашид.