ГУЗАРГОҲИ ШАҚОИҚ
Чӣ хиҷолатзада субҳе,
Чӣ дурӯғин шафақе.
Осмон домани хунин дорад,
Кас надонад, ки дар он обе дур,
Дар паси пардаи абр,
Бар сари нурфурӯшон чӣ бало омадааст?
Кас ба маҳтоб таҷовуз карда,
Ё ки хуршед ба анбуҳи шаҳидон пайваст?
Чӣ муханнас фасле?!
Чӣ ғамандуд фазое?!
На ба минқори парасту зи баҳорон хабаре,
На зи борон асаре.
Абрҳо лаккаи бадномии ин фасли фиребанд,
Он қадар об надоранд,
Ки ба лабхушкии ин ҷангали оташзада посух гӯянд.
Таксаворе зи дили дашт фаро меояд,
Бош то пурсам аз ӯ,
Ки ба хуршед чӣ осеб расид?
Бомдод аз чӣ наомад?
Раҳгузар! Хаста набошӣ, зи куҷо меоӣ?
Хабар аз рӯз надорӣ?
Ҳа! Чӣ қадар бехабарӣ,
Рӯзро пурсидӣ?
Солҳо шуд, ки дар ин шаҳр шаб аст,
Ту куҷо хоб будӣ?
Ҳамлаи роҳзанон ёдат нест?
Ки баҳамдастии муште номард,
Ҳар куҷо равзанаеро диданд,
Ки аз он омадани нур тасаввур мерафт,
Ҳамаро барбастанд,
Ва ба ҳар хона, ки қандили фурӯзоне буд,
Ҳамаро бишкастанд.
Ва аз он рӯз ба баъд
Шаҳр дар зулмати ҷовид нишаст,
Боли хуршед шикаст,
Ва дигар рӯз наёмад.
Хайли хаффош
ҳамон лаҳза ки бар шаҳр ҳуҷум оварданд,