НОМАИ ГАЖДАҲАМ БА НАЗДИКИ КОВУС
Чу баргашт Сӯҳроб, Гаждаҳми пир
Биёварду биншонд марди дабир.
Яке нома бинвишт наздики шоҳ,
Барафканд пӯянда марде ба роҳ.
Нахуст офарин кард бар шаҳрёр,
Намуд он гаҳе гардиши рӯзгор,
Ки омад бари мо сипоҳи гарон,
Ҳама размҷӯёну кундоварон.
Яке паҳлавоне ба пеш-андарун,
Ки солаш зи ду ҳафт н-омад фузун.
Ба боло зи сарви саҳӣ бартар аст,
Чу хуршеди тобон бад-ӯ пайкар аст.
Бараш чун бари шеру болош бурз,
Ба Эрон надидам чунин дасту гурз.
Чу шамшери ҳиндӣ ба чанг оядаш,
Зи дарёву аз кӯҳ нанг оядаш.
Чу овози ӯ раъди ғурранда нест,
Чу бозуи ӯ теғи бурранда нест.
Ба Эрону Турон чун ӯ мард нест,
Зи гурдон кас ӯро ҳамовард нест.
Ба ном аст Сӯҳроб гурди далер,
На аз дев печад, на аз пилу шер.
Ту гӯӣ магар бегумон Рустам аст,
Ва ё гурде аз тухмаи Найрам аст
Ҳаҷири диловар миёнро бубаст,
Яке бораи тезтак барнишаст.
Бишуд пеши Сӯҳроб размозмой,
Бар аспаш надидам фузун з-он ба пой,
Ки барҳам занад мижжаро ҷагҷӯй,
Гирояд зи бинӣ сӯи мағз бӯй.
Ки Сӯҳробаш аз пушти зин баргирифт,
Бараш монда з-он бозу андар шигифт.
Дуруст асту акнун ба зинҳори ӯст,
Пурозор ҷону пур аз дард пӯст.
Саворони туркон басе дидаам,
Инонпеч аз ин гуна нашнидаам.
Мабодо, ки ӯ дар миёни ду саф
Яке марди ҷанговар орад ба каф.