НОМАИ АФРОСИЁБ БА СИЁВУШ
Чу бишнид Афросиёб ин сухун,
Яке рои бодониш афканд бун.
Дабири ҷаҳондидаро пеш хонд,
Забон баркушоду сухан барфишонд.
Нахустин, ки бар нома бинҳод даст,
Ба анбар сари хомаро кард баст.
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт,
Бузургиву рояш ниёиш гирифт,
Ки ӯ бартар аст аз макону замон,
Бад-ӯ кай расад бандагонро гумон?
Худованди ҳушу равону хирад,
Хирадмандро доди ӯ парварад.
Аз ӯ бод бар шоҳзода дуруд,
Худованди шамшеру кӯполу хӯд.
Худованди шарму худованди бок,
Зи бедод кардан дилу даст пок.
Шунидам паём аз карон то карон
Зи бедордил Зангаи Шоварон.
Ғамӣ шуд дилам, з-он ки шоҳи ҷаҳон
Чунин тира шуд бо ту андар ниҳон.
Валекин зи гетӣ ҷуз аз тоҷу тахт
Чӣ ҷӯяд хирадманди бедорбахт?
Туро ин ҳама эдар оростаст,
Агар шаҳрёриву гар хостаст.
Ҳама шаҳри Турон барандат намоз,
Маро худ ба меҳри ту омад ниёз.
Ту фарзанд бошиву ман чун падар,
Падар пеши фарзанд баста камар.
Чунон дон, ки Ковус бар ту ба меҳр
Бар ин гуна як рӯз накшод чеҳр.
Куҷо ман кушоям дилу ганҷу даст,
Супорам ба ту ҷойгоҳи нишаст.
Бидорам-т беранҷ фарзандвор,
Ба гетӣ ту монӣ зи ман ёдгор.
Ту аз кишварам бигзарӣ, дар ҷаҳон
Никӯҳиш кунандам кеҳону меҳон.
В-аз ин рӯй душхор ёбӣ гузар,
Магар эзадӣ бошад оину фар.