НУҚУС
Бонги ноқус дар дилам бархост,
Ман саросемавору хоболуд,
Ҷастам аз ҷо,
Чӣ буд?
Оҳ, чӣ буд?
Рӯзи шодист?
Ё навои азост?
Ҳеч кас лаб ба посухам накшуд,
Бод ҷунбиду кушта шуд фонӯс,
Шаб гаронбору тира чун кобӯс.
Бонги ноқус дар дилам бархост,
Оҳ, мепурсам аз худ,
Ин чӣ навост?
Аз барои кӣ мезанад ноқус?