ЧАШМИ БЕДОР
Агар ин чашми бедорам намебуд,
Кунун бо ғам сарукорам намебуд.
Валекин гар дилам дарде намедошт,
Башар будан сазоворам намебуд.
Чӣ гӯям, з-ин дили пурхун, чӣ гӯям?
Чу мино уқдаҳо дорад гулӯям.
Дар аҷзои вуҷудам нест роҳат,
Ғубори хоки роҳи орзуям.
Чу шамъам зиндагӣ дар сухтан рафт,
Даме бар хештан нагристам ман.
Валекин дар дили тангам шарарҳост,
Зи санги хора камтар нестам ман.