Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ҶАЗИРАИ ГУЛ

Имрӯз ҳар чӣ бинӣ, гул дар канори дарёст, Дарёдилон биёед, фасли баҳори дарёст. Дарёст, ё ки дар дашт оина мезанад мавҷ, Мавҷ аст, ё зи мастӣ моҳӣ савори дарёст? Гуфтам дил аз ғами ишқ фориғ кунам, валекин Моҳӣ куҷо тавон рафт, ҳар сӯ дучори дарёст? Эй шайхи покдоман, манъам макун зи мастӣ, Дарёдилам чӣ созам, мастӣ шиори дарёст. Соҳил ҷазираи гул, дарё баҳираи гул, Чашмам ба сӯйи соҳил, дил беқарори дарёст. Дарёи чашми масташ ғарқам намуда, Фонӣ, Чизе наметавон гуфт, ин кор кори дарёст.