Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Т А К Б А Й Т И Ҳ О

Бешу ками олам одати дерин аст, Кам бошаду ғам набошад, иқбол ин аст. Эй пок, зи кулли айбҳо покам кун, Чун даргузарам, ба дасти худ хокам кун. Дар сардараҳо ҳанӯз барф об нашуд, Ҳайфи дили ман, ки ҳеҷ дилёб нашуд. Ин шаҳри шумо ҳаво надорад ёрон, Дарди дили ман даво надорад, ёрон. Як шаб, ки ба рӯи синаат сар мондам, Дар пасту баланди зиндагӣ дармондам. Аз ман бикунӣ агар гаҳе ёд, эй гул, Бошӣ ҳама умр хонаобод, эй гул. Девор, ки нам кашад, кияш соз кунад, Он ёр, ки ғам кашад, чӣ сон ноз кунад? Абри сари кӯҳ ашкрезӣ сар кард, Ашки ту гиребони маро ҳам тар кард. Имсол чӣ шуд, сели дамодам омад, Дар хонаи рӯ ба рӯи мо ғам омад. Ин беди дари сарой ҳамсоли ман аст, Ман зори касе шудам, ки безори ман аст. Ҳаргиз нашавад фаромуш аз хотири ман Борони баҳору гиряи модари ман. Эй ёр, биё, вақти гули бодом аст, Ишқе ки напухт дар баҳорон, хом аст. Имшаб чӣ шабе, нам-нами борон омад, Он ёр, ки рафта буд, пушаймон омад. Ошуфтаву беқарору девона – дилам, Дар хонаи хеш гоҳ бехона – дилам. Дунё дили ман, ҳазор дунё – дили ман, Қурбони ҳазор сирру савдо – дили ман. Иқболи ману ту бешу камҳо дорад, Бедардии нокасон аламҳо дорад. Имсол гузашт, соли бисёр гузашт, Шукри ҳама умри ман, ки бо ор гузашт. Рӯсӯхтаи саҳву хатоҳоям ман, Дигар ба чӣ рӯ пеши ту боз оям ман? Фарёди маро шунидаву рам кардӣ, Умри ту зиёд, умри ман кам кардӣ.