Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сифла бо ҷоҳ низ ҳеҷкас аст,

Сифла бо ҷоҳ низ ҳеҷкас аст, Мӯр агар пар бароварад, магас аст. Нафсро бешиканҷа магзоред, Саги девона муслиҳаш марас аст. Хиффати аҳли шарм бебокист, Чун парад чашм, поймоли хас аст. Мунфаил нест халқи ҳарзамаош, Ду ҷаҳон як димоғи булҳавас аст. Бар умеди кушоди уқдаи кор Чашм агар боз кардаем, бас аст. Хуни афсурдаем, боқӣ ҳеҷ, Хирқаи мо чу пӯст бар адас аст. Фурсати рафтанест боби суроғ, Корвони хаёл беҷарас аст. Оина нисбате ба дил дорад, Ки мақоми тааммули нафас аст. Муфлисонро зи олами асбоб То гиребон тамом дастрас аст. Ҳар кӣ ҷаст аз адам, ба ҳастӣ сохт, Як қадам пеш ошён қафас аст. Бедил, аз хок меравем ба бод, Ғайр аз ин нест, ончи пешу пас аст.