Ҳарчанд дил аз васл қадаҳнӯш набошад,
Ҳарчанд дил аз васл қадаҳнӯш набошад,
Раҳме, ки зи ёди ту фаромӯш набошад.
Ҳарфе, ки бувад бе асари сози дуоят,
Ё Раб, ба забон н-ояду дар гӯш набошад.
Ҷое ки ба гардиш занад андози нигоҳат,
Чандон ки назар кор кунад, ҳуш набошад.
Он ҷо ки адаб қобили дидорпарастист,
Во кардани мижгон кам аз оғӯш набошад.
Дар дайри муҳаббат, ки адаб оинадор аст,
Хомӯш беҳ он шуъла, ки хомӯш набошад.
Гӯянд, ба саҳрои қиёмат саҳаре ҳаст,
Ё Раб, ки ҷуз он субҳи буногӯш набошад.
Халқест хиҷолаткаши махмурию мастӣ,
Ин хумкадаро ғайри арақ
ҷӯш набошад.
Сар то қадами вазъи ҳубоб аст хамидан,
Ҳаммоли нафас ҷуз ба чунин дӯш набошад.
Бедил, чӣ хаёл аст камоли ту нуҳуфтан?
Оинаи хуршед намадпӯш набошад.