Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад,

Ҳар сухансанҷе, ки хоҳад сайди маъниҳо кунад, Чун забон мебояд аввал хилвате пайдо кунад. Зинҳор, аз суҳбати бадтинатон парҳез кун, Зиштии як рӯ ҳазор оинаро расво кунад. Умрҳо мебоядат бо безабонӣ сохтан, То ҳамон хомӯшият чун оина гӯё кунад. Мекашад бар дӯш сад тӯфон шикасти ҳодисот, То касе чун мавҷ аз ин дарё саре боло кунад. Ҳарзагард аз суҳбати соҳибназар гирад ҳаё, Об гардад дуд, чун дар чашми мардум ҷо кунад. Оҳи гарме сайқали сад оина дил мешавад, Шуълае чун шамъ чандин доғро бино кунад. Бе гудози худ илоҷи кулфати дил мушкил аст, Кист, ғайр аз об гаштан иқди гавҳар во кунад? Медамад субҳ аз гиребон сафҳаи оинаро, Аз тамошои хатат гар ҷавҳаре иншо кунад. Шонаро иқболи гесӯят Хутансармоя кард, Вақти ринде хуш, ки бо чоки ҷигар савдо кунад. Хоки Маҷнунро асое нест ғайр аз гирдбод, Нолае ку, то бинои шавқи мо барпо кунад? Сахт дур афтодаем аз обу ранги эътибор, З-ин гулистон ҳар кӣ берун ҷаст, сайри мо кунад. Бе хатое нест, Бедил, изтироби аҳли дард, Ашк чун бетоб гардад, лағзише пайдо кунад.