Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар куҷо ушшоқро дарди талаб манзур шуд,

Ҳар куҷо ушшоқро дарди талаб манзур шуд, Рафтани ранги ду олам хуни як носур шуд. Ранги миннат барнамедорад дили аҳли сафо, Субҳ захми хешро худ марҳами кофур шуд. Баски дидам улфати офоқ лабрези газанд, Дидаи аҳбоб бар ман хонаи занбур шуд. Беқароронат димоғи ҳасрате месӯхтанд, Як шарар аз парда берун зад, чароғи Тур шуд. Дил чӣ сомон к-аз шикасти орзу бар ҳам начид? Баски мӯ овард ин чинӣ, сари фағфур шуд. Буд бетаъмирие сарфи бинои коинот, Дил харобӣ кард, к-ин вайронаҳо маъмур шуд. Тарки инсоф аз русуми интизом эмин наяст, Баски чашм аз маъниям пӯшид ҳосид, кӯр шуд. Гоҳи тӯфони ғазаб аз чини абрӯ бок нест, Аз шикасти пул натарсад сел, чун пурзӯр шуд. З-ин ҳама ҳасрат, ки мардум дар хумораш мурдаанд, Ҷамъ шуд хамёзае чанду даҳони гӯр шуд. Обила бе саъйи помардӣ намеояд ба даст, Решаи ток аз давидан соҳиби ангур шуд. Меҳнати пирист, Бедил, ҳосили айши шабоб, Ҳар кӣ шаб май хӯрд, хоҳад субҳдам махмур шуд.