Ҳарчанд ба Ҳақ қурби ту мақдур
Ҳарчанд ба Ҳақ қурби ту мақдур
набошад,
Бар дарди диле гар бирасӣ, дур набошад.
Осори ғурур анҷуманорои шикаст аст,
Чинӣ тараби маҷлиси фағфур набошад.
Бар шишаи қулқулҳаваси мо магузоред
Он пунба, ки мағзи сари Мансур набошад.
Пайғоми вафо дар гарави саъйи ҳалок аст,
Ғамномаи мо ҷуз ба пари мӯр набошад.
Эй масти қаноат, макушо каф ба дуо ҳам,
То дасти ту хамёзаи махмур набошад.
Аз басту кушоди дари таҳқиқ маяндеш,
Чашму мижа саҳл аст, дилат кӯр набошад.
Ёрон ғами дамсардии айём надоранд,
Бояд хунукиҳои ту кофур набошад.
Бигзар зи мақомоти хаёлоти фузулӣ,
Доғи «аринӣ» ҷуз ба сари Тур набошад.
Дар водии таҳқиқ чӣ ҳарф аст сиёҳӣ,
Гар ҳоили биноии мо нур набошад?
Нақди дилу помузди тараддуд чӣ хаёл аст,
Ин обила сар бар кафи муздур набошад.
Мо-сӯхтагон барҳамани қашқаи шамъем,
Дар дайри вафо сандалу сундур
набошад.
Барҳам задани улфати дилҳо маписандед,
Дуккони Ҳалаб хӯшаи ангур набошад.
Бедил, зи шару шӯри тааллуқ ба ҷунун зан,
Гӯ, хонаи занҷири ту маъмур набошад.