Озодӣ охир бад бохт бо ман,
Озодӣ охир бад бохт бо ман,
Ранҷи камар шуд чинҳои доман.
Муздури аҷз аст таслими улфат,
Дил ҳар чӣ бардошт, гаштам дуто ман.
Зеру бами умр равшан нагардид,
К-ин шӯри ибрат ӯ буд ё ман?
Ё Раб, чӣ пардохт сеҳри таайюн,
Халқе шаҳид аст з-ин хунбаҳо ман.
Ғофил мабошед аз фаҳми асрор,
Маънихаёлон, содест бо ман.
Дил бар кӣ бандам, ранг аз чӣ гирам?
Аз ҳар ду олам чун ӯ ҷудо ман.
Ҳар ҷо расидам, як нағма дидам,
Ё Раб, куҷояст ин ҷо ба ҷо ман?
Худсанҷи ваҳмӣ, бо бешу кам соз,
Муфти тарозуст мисқол то ман.452
Дил з-ин харобот дигар чӣ ҷӯяд?
Зад шиша бар санг, омад садо «ман».
Ҳангомаи ваҳм бигзору бигзар,
Ман то куҷо ӯ, ӯ то куҷо ман?
Бедил, ба худ ҳеҷ тарфе набастам,
Дар маънӣ ӯ буд ин бевафо ман.