ГАҲВОРАИ ХОЛӢ
Умрест то аз ҷону дил, эй ҷону дил мехонамат,
Ту низ хоҳонӣ манӣ, медонамат, медонамат.
Гуфтӣ: Агар донӣ маро, оию бистонӣ маро,
Эй ҳечгоҳи нокуҷо, гӯ, ки куҷо бистонамат?
Овози хомӯшӣ аз он, дар пардаи гӯшӣ ниҳон,
Бе миннати гӯшу даҳон дар ҷони ҷон мехонамат.
Маншин хамӯш, эй ҷони хуш, ин сокиниҳоро бикуш,
Гар тан ба оташ медиҳӣ чун шуъла мерақсонамат.
Эй хандаи нилуфарӣ, дар гиряаам меоварӣ,
Бар гиря механдию ман дар гиря механдонамат.
Эй зодаи пиндори ман, пӯшида аз дидори ман,
Чун кӯдаки нодошта гаҳвора меҷунбонамат.
Эй ман, ту бе ман кистӣ? Чун Суоя бе ман нестӣ,
Ҳамроҳи ман меистӣ, ҳампои худ меронамат.