ХОБ ВА ХАЁЛ
Нозанин омаду дасте ба дили мо заду рафт,
Пардаи хилвати ин ғамкада боло заду рафт.
Кунҷи танҳоии моро ба хаёле хуш кард,
Хоби хуршед ба чашми шаби ялдо заду рафт.
Дарди беишқии мо диду дареғаш омад,
Оташи шавқ дар ин ҷони шикебо заду рафт.
Хирмани сӯхтаи мо ба чӣ кораш мехӯрд?
Ки чу барқ омаду дар хушку тари мо заду рафт.
Рафту аз гиряи тӯфониам андеша накард,
Чӣ диле дошт, Худоё, ки ба дарё заду рафт?
Бувад оё, ки зи девонаи худ ёд кунад,
Он ки занҷир ба пои дили шайдо заду рафт?
Соя, он чашми сияҳ бо ту чӣ мегуфт, ки дӯш
Ақл фарёд бароварду ба саҳро заду рафт.