Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФИРИСТОДАНИ КОВУС РУСТАМРО БА СИСТОН

Чу бишнид Ковус, шуд пур зи хашм, Барошуфт аз он кору бикшод чашм. Ба Рустам чунин гуфт шоҳи ҷаҳон, Ки «Эдар намонад сухан дар ниҳон, Ки ин дар сари ӯ ту афкандаӣ, Чунин бехи кин аз дилаш кандаӣ. Таносонии хеш ҷустӣ дар ин, На афрӯзиши тоҷу тахту нигин. Ту эдар бимон, то сипаҳдор Тус Бубандад бар ин кор бар пил кӯс. Ман акнун ҳаюне фиристам ба Балх Яке номае бо суханҳои талх. Сиёвуш агар сар зи фармони ман Бипечад, наёяд ба паймони ман, Ба Туси сипаҳбад супорад сипоҳ, Худу вижагон боз гардад зи роҳ. Бубинад зи ман, ҳар чӣ андарх(в)ар аст, Ки ӯро чунин доварӣ дар сар аст. Нахонам туро з-ин сипас низ ёр Нахоҳам, ки моро кунӣ корзор.» Ғамӣ гашт Рустам, ба овоз гуфт, Ки «Гардун сари ман биёрад нуҳуфт. Агар Тус ҷангитар аз Рустам аст, Чунон дон, ки Рустам ба гетӣ кам аст.» Бигуфт ину берун шуд аз пеши ӯй, Пур аз хашм ҷону пурожанг рӯй. Або лашкари хеш баргашту рафт, Сӯи Систон рӯй бинҳод тафт. Ҳам андар замон Тусро хонд шоҳ, Бифармуд лашкар кашидан ба роҳ. Бурун рафт аз пеши Ковус Тус. Бифармуд, то лашкару бӯқу кӯс Бисозанду ороиши раҳ кунанд, В-аз оромгаҳ роҳ кӯтаҳ кунанд,