Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

КАҲРАБО

Ман на худ меравам, ӯ маро мекашад, Коҳи саргаштаро каҳрабо мекашад. Чун гиребон зи чангаш раҳо мекунам, Доманамро ба қаҳр аз қафо мекашад. Даступо мезанам, мерабояд сарам, Сар раҳо мекунам, дасту по мекашад. Гуфтам: Ин ишқ агар вогузорад маро, Гуфт: Агар вогузорам вафо мекашад. Гуфтам: Ин гӯши ту хуфта зери забон, Ҳарфи ногуфтаро аз хафо мекашад. Гуфт: Аз он пештар ин машоми ниҳон, Бӯи андешаро дар ҳаво мекашад. Лаззати нон шудан зери дандони ту, Гандумамро сӯи осиё мекашад. Сояи ӯ шудам, чун гурезам аз ӯ, Дар паяш меравам, то куҷо мекашад?