Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Ёд бодам он, ки базме буду ёре низ буд,

Ёд бодам он, ки базме буду ёре низ буд, Чангу най буду шароби хушгуворе низ буд. Ёд бод он дам, ки мерафтам ба базми хоси ёр, Ёрро дар кулбаам гоҳе гузоре низ буд. Ин замон аз дасти ман дил рафту рафт аз дил қарор, Пеш аз инам буд дил, бар дил қароре низ буд. Дар канори ҷӯй биншастӣ ба ғайр, эй сарви ман, Дар канори ман зи дида ҷӯйборе низ буд. Хор гаштам гарчи, ор аз ман, азизи ман, макун, Дар гулистон ҳар қадар гул буд, хоре низ буд. Аз сарат гардам, чу ёди бедилон орӣ, бигӯй, Айнии бечораи уммедворе низ буд.